Раёсати Суғд

Ҷасади Ҳабиб Ёқубови 19-сола пайдо шуд. Ҷустуҷӯи як ҷасади дигар идома дорад

Дирӯз, баъди ҷустуҷӯҳои серӯза билохира ҷасади ҷавони 19-сола Ҳабиб Ёқубов, ки дар сели Киштӯдак ҳалок шуда буд, пайдо карда шуд. Ҷанозаи Ҳабиби ғӯрамаргро бегоҳии ҳамон рӯз хонданд ва  ба хок супурданд. Аммо то ба имрӯз ҷустуҷӯи ҷасади Нозима Исмоилова натиҷа надодааст.
Маврид ба ёдоварист, ки бар асари сели азими рӯзи 19-уми июли соли равон 10 нафар сокинони деҳаи Киштӯдаки Панҷекат, ки дар чарогоҳи тобистонӣ молчаронӣ мекарданд,

Наҷотдиҳандагон дар Суғд як зани 27-соларо, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот доданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҳодисаи худкушӣ дар вилояти Суғд пешгирӣ карданд.

Бино ба гузоиши Қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд шахсе изтиробовар хабар додааст, ки дар пули бузурги дарёи Сир, ки ду гӯшаи Хуҷандро ба ҳам васл

Корҳои таблиғотӣ дар тафреҳгоҳҳои наздисоҳилии Суғд. Наҷоти як шиновари 18-сола дар Душанбе, ки қариб буд ғарқи об мешуд

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсатдар мавриди риояи қоидаҳои обббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соли 2021, ҳамарӯза рейдҳо, корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ баргузор мекунад. Чунин як чорабинӣ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Наҷоти чаҳор ғарқшуда дар “Баҳри тоҷик”. Шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ҳамеша хатар дорад

Рӯзи 10-уми июли соли равон, баъд аз зӯҳр, ҳудудан соати 15:10 дақиқа ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар расид, ки чор нафар дар “Баҳри тоҷик” дар ҳоли ғарқ шудан қарор доранд. Ниёз ба ёрии фаврист!

Наҷотдиҳандагон ва ғаввосони Раёсат...

Ҳалокати ду нафар дар як садамаи мошин дар Яхтан

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 9 – уми июл тақрибан соатҳои 13:30 дақиқа дар километри 8-уми роҳи мошингарди Деваштич - Истаравшан садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.

Автомошини сабукрави Kia-Optima рақами қайди давлатиаш

Страницы