Кумаки Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осебдидагони ноҳияҳои Хатлон ва Ваҳдат
Чоп шуд: 03/06/2020 | redaktor
Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мегӯяд илова ба кумакҳои ғайриғизоӣ, ки то кунун ба осебдидагони ноҳияи Хуросон тақсим шудааст, боз тасмим гирифтааст ба 72 оилае, ки хонаҳои худро дар ин ҳодисаи табиӣ пурра аз даст доданд, ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки милии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) ёрии яквақта расонад.