Раёсати Хатлон

Дар 18 хонаи нав барои сокинони осебдидаи Хуросон дару тирезаҳо насб карда шуданд.

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 18 хонаи нав барои осебдидагони сели ноҳияи Хуросон дару тирезаҳо насб карда шуданд. Андоваи як хона пурра ба анҷом расида, дар як хонаи дигар ин кор дар садади анҷомёбист.

Боми се хона барои зарардидагони сели ноҳияи Хуросон пӯшонида шуд

Боз се хонаи дигар дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон барои осебдидагони сел бомпӯш шуд. Дар 2 хона андоваи дохилу берун шуруъ шуда, дар 45 хона пӯшидани бомашонро оғоз карданд. Кор барои ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибати ҳодисаи табиӣ ба шиддати бештар идома дорад.

Дар ин маҳалли навобод бояд 67 оила манзили зист дарёфт

Ҳазор кило хлор ва маводҳои дигар ёрии башарии Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Раёсати Хатлон

Рӯзи 30 июни соли 2020 Агентии Оғохон оид ба макони зист дар доираи барномаи ҳамкориҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи муштарак бар зидди коронавирус COVID-2019 ба Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ёрии башарӣ расонд.

Ин кумакҳо аз 1000 кило хлор, 1000 дона ниқоби истифода

Тозаахбори ин соат. Ҷасади боз ду ғарқшуда дар об пайдо шуд: яке 15, дигар 17-сола

Боз ду ҷасад аз оби сард берун оварда шуд. Якеро аз Норак ва дуюмиро аз Зарафшон ёфтанд. Ва ҳарду ҳам ҷавон: яке писаракест, ки 15 сол дорад ва дар бораи ӯ дирӯз хабар дода будем ва дуюмӣ духтари 17-сола. Имрӯз боз ду хона мотам доранд, ду хонавода азодор, ду модар хунинҷигар. Ва сабаби марги ин ду ғарқшуда беэҳтиётӣ номида шуд. Пас бояд эҳтиёт кард, бояд волидон ноболиғони худро танҳо нагузоранд.

Тозаахбори ин соат. Қасди худкушии як зан дар Душанбе. Ноболиғи ғарқшуда дар Норак ва муштзании фоҷеабори ду ҷавон дар Душанбе

Боз хабари ғарқи об шудани ду нафар расид ва омори ба ҳалокатрасидагон дар обҳои кишвар ду нафар афзуд. Яке ноболиғе, ки нав ба синни 15 по мегузошт ва дигар ҷавони 25 – сола, ки бо як нафари дигар пархошу муштзанӣ кардаву дар оби канал сарозер шудааст. Аммо аз мусибати дигар пешгирӣ шуд. Мусбате, ки як хонадонро метавонист дар мотам нишонад. Худкушии зани 43-сола, ки ҳоло сабаби он маълум нест.

Страницы