Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус ва расонидани ёриҳои тиббӣ дар доираи Муоҳадаи байнидавлатӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодийни вилояти Хатлон сохтмони маҷтамаи бисёрсоҳаи тиббӣ ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ идома дорад.
Барои анҷоми корҳои сохтмон дар муҳлати муайяншуда гурӯҳи меъморон, сохтмончиён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва созандагон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷалб шудаанд.
Барои фароҳам овардани шароит ба сохтмончиён 15-уми сентябри соли равон аз ҳисоби воситаҳои моддии вилояти Хатлон, бо талоши наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як шаҳраки хайманишинон иборат аз 55 хйма сохта шуд.