Садамаи марговар дар Шуғнон. Мошин ба дарёи Ғунд сарозер шуд. Ронандаи 48-сола ба ҳалокат арсид
Чоп шуд: 28/10/2020 | admin
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 27 октябри соли 2020 тахминан соати 17:07 дақиқа дар километри 619-уми роҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, дар мавзеи Ригувеви ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.