Ахбори ин соат. Худкушии як зани 57-сола дар дарёи Ғунд. Марги як марди 52-сола, ки дар кӯҳ чӯпонӣ мекард
Чоп шуд: 01/03/2021 | redaktor
Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ рӯзи шанбе, 27 феврали соли 2021 тахминан соати 07:35 дақиқа дар соҳили дарёи Ғунди шаҳри Хоруғ ҷасади шахсияташ номаълум намоён шудааст. Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят соати 07:40 дақиқа ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд.