Коронавирус nCov

Эпидемияи короно: 60 миллион сокинони вилояти Ҳубей дар карантинанд

Эпидемияи Covid-19 ҳамоно хабарсозтарин рӯйдоди олам аст. То кунун бар асари сирояти вируси короно бештар аз 1600 нафар дар Чин ҷони худро аз даст додаанд. Бино ба хабарҳои  то кунун интишорёфта ҳоло дар саросари олам бештар 70,5 ҳазор нафар сироят шудаву шумори қурбониёни он ба 1770 нафар расидааст.
Ҳукуматдорони Чин карантин барои сокинони вилояти

Вируси короно: Аввалин марг дар Ҷопон, сафи мубталоён ҳамоно рӯ ба афзоиш аст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки бо вуҷуди хабари ҷаҳиши чашмгири омори мубталоёни ба вируси короно дар Чин ҳодисаи сироят дар дигар кишварҳои олам ба қайд гирифта нашудааст. Ин созмон гуфтааст, ки танҳо киштии тафреҳие, ки ҳоло дар яке аз бандаҳои Ҷопон лангар задааст, аз ин истисност. Шабонарӯзи гузашта 44 нафари дигар аз мусофирони ин киштӣ чун сироятшуда ба короно сабт шуданд. Бино ба гуфтаи ҳамин манбаъ ...

Омори такондиҳандаи маргумир аз короновирус COVID-19: Дар шабонарӯзи гузашта 242 нафар фавтиданд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки ҳоло дар бораи поёни эпидемияи коронои чинӣ ҳарф задан бармаҳал аст. Рӯзи чаҳоршанбе аз сироятшудагон ва ин вирус 242 нафар фавтиданд, ки аз замони ошкор шудан то кунун баландтарин омори марги афрод аст. Ҳамчунин шумори нав сироятшудагон дирӯз 14 ҳазору 840 будааст, ки ин низ бино ба таҳлили коршиносон ҷаҳиши бузурге дар эпидемияи COVID-19 мебошад.

Хабарҳо аз вируси короно: Дар Тоҷикистон 940 нафар дар карантин қарор доранд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба вирус номи нав дод. Теъдоди ҳалокшудагон дар Чин ба 1112 нафар ва сироятёфтагон дар кулли кишварҳои олам ба 44 ҳазору 794  расид. Дар Тоҷикистон 940 нафар дар бемористонҳо барои ташхис бистарӣ шудаанд. Инҳо ҳама афроде мебошанд, ки зарфи чанд рӯзи охир аз гӯшаву канори Чин вориди кишвар шудаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки то кунун ҳеч нишоне аз

Марги 103 нафар дар як рӯз. Шумори мубталоён ба вируси короно дар олам ба беш аз 43 ҳазор расид

Рӯзи гузашта дар Чин аз сироят ба вируси короно 103 нафар ҷон бохтанд ва шумори фавтидагон аз ин бемории кушанда ба 1011 нафар расид. Чин расман мубталоён ба ин бемориро бештаз 42 ҳазор нафар эълон кард. Дар ҳамин ҳол гузориш шудааст, ки Си Ҷинпин – сарвари давлати Чин дирӯз ба хиёбонҳои Пекин рафтааст ва ҳамзамон чанд соҳибмақоми давлатӣ ба ҷурми камфаъолиятӣ дар мубориза бо

Страницы