Коронавирус nCov

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз гирифторӣ ба короно дар Эрон, Корея ва Италия изҳори нигаронӣ кард

Дабири кулли созмони ҷаҳонии тандурустӣ афзоиши ногаҳонии сироятшудагон ба короно дар Эрон, Корея, Италияро бисёр нигаронкунанда хонд, аммо изҳори умедворӣ кард, ки ҳоло ҳам аз густариши он метавон ҷилавгирӣ кард, чун ба ҳадди эпидемия нарасидааст. Теодор Аданом Гебреисус рӯзи гузашта эълон кард, ки шумори мубталоёт ба Covid-19 дар Италия ба 453 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯз гирифторони ...

Короновирус аз Италия ба дигар кишварҳои Аврупо мегузарад

Хабаргузориҳо аз густариши вируси короно ба Аврупо иттило доданд. Кашфи беморони гирифтор ба короно дар иддае аз кишварҳо боис шудааст, ки коршиносон Италияро сарчашмаи паҳн шудани ин вирус ба Аворупо донанд. Ахиран Австрия, Хорватия, Швейсария дар Аврупо ва Алҷазоир дар Африқо гуфтанд, ки шаҳрвандони сироятшуда аз Италия баргашта буданд. Ҳамчунин аз сирояти як марди бразилӣ ҳам гузориш

Вируси короно: Ҳушдори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба кишварҳои олам

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ҳама кишварҳои олам ҳушдор дод, ки барои эпидемияи фарогири короновирус омода шаванд. Ин созмон дар баёнияи ахири худ навишт, ки ҳарчанд ҳоло хатари эпидемия таҳдид намекунад, вале эҳтимолияти бурузи густардаи вирус вуҷуд дорад. Эпидемия ба он ҳолате гуфта мешавад, ки агар беморӣ басо ба осонӣ аз фард ба фарди дигар дар бисёр нукоти олам гузарад.

Вируси короно дар хориҷ аз Чин густариш меёбад. Ҳудудан 80 ҳазор сироят шудаву 2462 нафар фавтидаанд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки то кунун дар саросари олам 77 ҳазору 794 нафар гирифтори вируси короно шудаанд, ки 76 ҳазору 392 нафари онҳо дар Чин мебошанд. Хориҷ аз Чин дар 28 мамлакати олам 1402 нафар сироят ёфтаанд. То ин муддат 2462 нафар аз короно фавтиданд. Шабонарӯзи гузашта ин вирус дар Исроил ва Лубнон ошкор шудааст. Гузоришҳои расида шаҳодат аз он медиҳанд, ки вируси короно

Тозатарин хабарҳо аз короно Covid-19

Мухтасари хабарҳо:   

Шумори фавтидагон аз вируси короно дар Чин ба 2112 расид.
Бештар аз 74 ҳазор нафар чун сироятшуда сабт шудаанд.
Бар асари сироят ба ин беморӣ ду шаҳрванди Ҷопон аз ҷумлаи мусофирони киштии тафреҳӣ фавтиданд.

Страницы