Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ҳама кишварҳои олам ҳушдор дод, ки барои эпидемияи фарогири короновирус омода шаванд. Ин созмон дар баёнияи ахири худ навишт, ки ҳарчанд ҳоло хатари эпидемия таҳдид намекунад, вале эҳтимолияти бурузи густардаи вирус вуҷуд дорад. Эпидемия ба он ҳолате гуфта мешавад, ки агар беморӣ басо ба осонӣ аз фард ба фарди дигар дар бисёр нукоти олам гузарад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи душанбе директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адан Гебрейесус хабар дода буд, ки авҷи сирояти вирус дар Чин пушти сар монд. Ин соҳибмақоми СҶТ гуфт, ки бино ба таҳлилҳои коршиносон охири моҳи январи соли равон бо вуҷуди он ки одамони зиёд ба ин вирус сироят шуданд, он аз авҷ монд ва мақомоти чинӣ вазъро зери назорат гирифтанд. Вай боз гуфт, ки дар ҳоли ҳозир наметавон аз эпидемияи COVID-19 ҳарф зад. Ҳарчанд вазъ дар Корея, Эрон ва Италия нигаронкунанда аст, вале сухан ҳоло аз эпидемия дар кишварҳои ҷудогона меравад.
Аз оғози ҳафтаи ҷорӣ дар бораи густариши короновирус аз Чин ба чанд нукоти дигари олам хабарҳо мунташир шуданд. Таҳлилгарон мегӯянд ҳоло SARS-CoV-2 аз марзҳои Чин берун шуда ва ҷуғрофиёи ҳузури худро васеътар кардааст. Омори расмии сироятёфтагон дар Чин бештар аз 77 ҳазор нафар гузаштааст, 2600 нафари онҳо фавтиданд. Дар бештар аз 30 кишвари олам 1200 нафар сироят шудаву 20 тан ҳалок шудаанд.
Берун аз хоки Чин хуруҷи беморӣ дар Кореяи Ҷанубӣ, Эрон ва Италия ба қайд гирифта шудааст. Дар Русия аз сирояти 3 нафар хабар дода мешавад, 13 нафар дар Британияи Кабир муолиҷа мешаванд.
Рӯзи душанбе Афғонистон, Ироқ, Кувайт, Умон ва Баҳрайн ҳам аз аввалин сироятёфтагон ба ин беморӣ хабар доданд. Ҳукуматдорони Баҳрайн гуфтанд, ки короновирус аввал дар як ронандаи автобуси мактаб кашф шудааст ва онҳо дар чандин мактаб таҳсилро қатъ кардаанд.
ВА БОЗ:
- Чин ҷаласаи солонаи парламонро ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши короновирус лағв кард.
- Ҳукуматдорони Чин истеъмоли гӯшти ҳайвоноти вашҳиро манъ карданд, ҳамчунин шикори ҷонвароне, ки дар садади комилан аз байн рафтан мебошанд, манъ шуд. Ҳамчуноне маълум аст короновирус бори аввал дар бозори шаҳри Вуҳон, ки ҳайвоноти ваҳширо савдо мекунад, кашф шуда буд.
- Рӯзи душанбе дар Чин 409 ҳодисаи сирояти нави вирус ба қайд гирифта шуд, ки аксари онҳо дар шаҳри Вуҳон мебошанд.
- Рӯзи якшанбе Эрон аз ифшои 61 бемори гирифтори короновирус Covid-19 хабар дод, ки аксари онҳо дар шаҳри Қум буданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран эълон кард, ки як гурӯҳи нозирони барномаи фавриятҳои саломат ва дармони ин ниҳод рӯзи сешанбе вориди Теҳрон мешавад.
- Чуноне дирӯз ҳам хабар додем, Кореяи Шимолӣ 380 шаҳрванди хориҷии муқими ин кишварро карантин кард, ки аксари онҳо дипломатҳо ва хонаводаҳои онҳо буданд.
- Дар Тотористон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз хуруҷи ин беморӣ дар кишвар баъди интиқоли ҳашт мусофири киштии тафреҳӣ ба Қазон баҳсҳо шуруъ шуданд. Вале вазорати тандурустии То ористон ин овозаҳоро беасос хонд.
- Италия қадимитарин ва бузургтарин корновалро манъ кард, дар шаҳрҳои Ломбардия ва Венето карантин эълон шуд. Бештар аз 50 ҳазор нафар муддати ду ҳафта бе иҷозати расмӣ наметавонанд хориҷ шаванд.
ВА МАТОЛИБИ ДИГАР ДАР ИН БОРА:
Эпидемияи короно: 60 миллион сокинони вилояти Ҳубей дар карантинанд
Вируси короно дар хориҷ аз Чин густариш меёбад. Ҳудудан 88 ҳазор сироят шудаву 2462 нафар фавтидаанд
Тозатарин хабарҳо аз короно Covid-19
Эпидемияи короно: 60 миллион сокинони вилояти Ҳубей дар карантинанд
Вируси короно: Аввалин марг дар Ҷопон, сафи мубталоён ҳамоно рӯ ба афзоиш аст
Омори такондиҳандаи маргумир аз короновирус COVID-19: Дар шабонарӯзи гузашта 242 нафар фавтиданд
Хабарҳо аз вируси короно: Дар Тоҷикистон 940 нафар дар карантин қарор доранд
Марги 103 нафар дар як рӯз. Шумори мубталоён ба вируси короно дар олам ба беш аз 43 ҳазор расид
Тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои эҳтиёт аз короновирус