Эпидемияи Covid-19 ҳамоно хабарсозтарин рӯйдоди олам аст. То кунун бар асари сирояти вируси короно бештар аз 1600 нафар дар Чин ҷони худро аз даст додаанд. Бино ба хабарҳои то кунун интишорёфта ҳоло дар саросари олам бештар 70,5 ҳазор нафар сироят шудаву шумори қурбониёни он ба 1770 нафар расидааст.
Ҳукуматдорони Чин карантин барои сокинони вилояти Ҳубейро ташдид кардаанд. Дар ин вилоят ба беш аз 60 миллион сокини он дастур дода шудааст, ки ба истиснои ҳолатҳои фавқулодда аслан аз хонаҳои худ берун нашаванд. Истифода аз мошинҳои шахсӣ низ манъ шудааст. Ба як нафар аъзои хонавода танҳо дар се рӯз як маротиба иҷозат дода мешавад, ки барои харидории маводи ғизоиву дору ва ашёи беҳдоштӣ аз хона хориҷ шавад. Дар хонаҳои бисёрҳуҷра танҳо як даромадгоҳ боз аст ва посбонон шадидан назорат мекунанд, ки ба ин хона танҳо сокинони он ворид шаванд.
Дар шаҳрҳо танҳо мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо, меҳмонхонаҳо ва бемористонҳо бозанд. Мақомоти Чин ахиран иттило доданд, ки тадбирҳои ахиран андешидашуда муаасир буда ва тавонистаанд то ҷойе ба коҳиши теъдоди сироятшудагон дар як рӯз муваффақ шаванд. Аммо Интерфакс аз ҳалокати 100 нафар ва сирояти 1933 нафари дигар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод.
Бино ба иттилои ахир боз чаҳор шаҳрванди амрикоӣ аз ҷумлаи мусофирони киштии тафреҳии "Даймонд...” ба вируси короно сироят шудаанд. Теъдоди умумии сироятёфтагон дар киштӣ ба 335 нафар расидааст. Ба беш таз 400 нафар мусофирони армикоии ин киштӣ иҷозати хуруҷ ва рафтан ба ватанашон дода шудааст. 40 нафар онҳо сироятшудагон ба ин вирус будаанд ва қарор аст онҳоро ба беморхонаҳои Ҷопон интиқол диҳанд.
Аммо ба мусофирони дигари ин киштӣ гуфта шудааст, ки ҳар касе сироят нашудааст, метавонад киштиро такр кунад, вале касоне, ки бо сироятшудагон дар як манзил истиқомат доштанд, бо ду ҳафтаи дигарро дар киштӣ хоҳанд гузаронд. Ин киштӣ бузургтарин таҷаммуъи мубталоён ба вируси короно дар хориҷ аз Чин ба шумор меравад.
Дар Фаронса як гардишгари чинӣ, ки ба ин вирус мубтало буд, аз олам даргузашт. Ин мард 80 сол умр дошта, аз сокинони вилояти Ҳубей-маркази хуруҷи ин беморӣ будааст. Ӯ 16 январ ба Фаронса омада будааст ва баъди 10 рӯзи вурудаш бистарӣ шуд. То ин замон танҳо се мавриди марги мубталоён ба ин вирус дар хориҷи Чин ба қайд гирифта шуда буд.