Коронавирус nCov

КОВИД-19 дар олам. Чанд хабари тоза

Комиссияи Аврупо ба ивази 870 миллион евро аз ширкати шведу британиёии AstraZeneca 300 миллион дозаи воксани коронавирус мехарад. Дар Мексика барои ҳимояи солмандон аз коронавирус аз воксани русии «Спутник V» истифода мекунанд. Аввал сокинони яке аз шаҳрҳое бо ин воксан эм карда хоҳанд шуд, ки мизони талафоти ҷонӣ бар асари КОВИД-19 дар он аз ҳама боло буд.

Дар Венесуэла эмкеунии сартосарӣ бо воксани русии «Спутник V»  оғоз шуд. 

COVID-19: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон намуд, ки то охири моҳи феврал ба Тоҷикистон 732 ҳазор доза воксани AstraZeneca/Oxford ворид хоҳад кард

Дар олам 110 миллиону 840 ҳазору 990 нафар олуда ба коронавирус шуданд ва аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 452 ҳазору 623 нафар ҷон бохтанд. Дар шабонарӯзи гузашта боз 141 ҳазору 530 нафар ба КОВИД-19 мубтало гаштанд ва аз он 5 505 нафар фавтиданд. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 85 миллиону 791 ҳазору 347 нафар эълон шуд ва дар айни замон 95 684 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Covid-19: Чин хабар дод, ки чанд гурӯҳи қаллобони фурӯши воксанҳои қалбакиро боздошт кардааст

Субҳи имрӯз шумори гирифторон ба коронавирус дар олам  109 миллиону 703  ҳазору 622  нафар ва ҷонбохтагон 2 миллиону 419 ҳазору 986 нафар эълон шуд. Дар шабонарӯзи гузашта 119 ҳазору 986 сироятшудаи нав ва 3 971 фавтида аз ин беморӣ сабт гардид. Теъдоди пурра муолиҷашудагон 84 миллиону  403 ҳазору 885 буда, ҳоло дар саросари олам 98 181 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ чорабиниҳои наврӯзиро иҷозат дод, вале бо баъзе истисноҳо

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба гузаронидани барномаҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврўз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ...

Covid-19: Амрико ва Британия мегӯянд Чин ба фиристодагони СҶТ дастрасии комил ба маълумоти рӯзҳои аввалро надодааст

Сафи гирифторон ба вируси корона дар олам ба  109 миллиону 413 ҳазору 506 нафар расид. Зарфи як шабонарӯз боз 103 208 нафар ба ин ҷамъ пайвастанд. Шумори ҷонбохтагон 2 миллиону 412 ҳазору 141 нафар эълон шуд. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар олам 3 001 нафар ҷони худро аз ин беморӣ аз даст доданд. Аз коронавирус КОВИД-19 то кунун 81 миллиону 663 ҳазору 427 нафар муолиҷа шуданд. Ҳоли 98 639 нафар вазнин

Страницы