Коронавирус nCov

COVID-19: Шумори гирифторон ва фавтидагони нав рӯ ба коҳиш овардааст. 6,7 миллион сокинони Тоҷикистон эм карда хоҳанд шуд

Ҳамагирӣ рӯ ба таназзул меорад, вале мутатсияи нави коронавирус беш аз пеш кишварҳои бештарро фаро мегирад, хабар дод Созмони ҷаҳонии тандурустӣ. “Ин шашумин ҳафта аст, ки шумори мубталоёни шабонарӯзӣ ба КОВИД-19 дар саросари олам рӯ ба коҳиш овардааст. Ҳафтаи гузашта 2,4 миллион сироятшудаи нав сабт шуд, ки аз ҳафтаи қабл 11% камтар аст. Шумори фавтидагони нав ҳам рӯз ...

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам рӯ ба коҳиш меорад

Шабонарӯзи гузашта дар олам боз 164 ҳазору 45 нафар сироятшудагон ба вируси корона ба қайд гирифта шуданд. Шумори умумии олудашудагон ба ин вирус дар олам ба 112 миллиону 676 ҳазору 629 нафар расид. Аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 497 ҳазору 56 нафар ҷон бохтаанд. Теъдоди муолиҷашудагон 88 миллиону 263 ҳазору 391 нафар эълон шуд.

COVID-19: Амико панҷ рӯз қурбониёни коронавирусро ёд мекунад

Дар ИМА  ба поси хотири 500 ҳазор фавтидагон аз  COVID-19 мотам эълон шуд. Президенти Амрико Ҷо Байден ба як қароре имзо гузошт, ки сокинони кишвар муддати панҷ рӯзи оянда хотири ҷонбохтагон аз коронавирусро пос хоҳанд дошт. Дар ин муддат дар саросари кишвар парчамҳо поин кашида мешаванд, сокинон аз гузаштаҳову қурбониёни корона ёд мекунанд.

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 112 миллион наздик мешавад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба вируси корона дар оламро  111 миллиону 970 ҳазору 286 ва ҷонбохтагонро 2 миллиону 478 ҳазору 354 нафар эълон намуд. Шабонарӯзи гузашта 119 ҳазору 667 нафар сироят шуданд ва 2 592 нафар фавтиданд. Шумори пурра муолиҷашудагон 87 миллиону 340 ҳазору 455 буда, ҳоло 94 183 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Кишварҳои қудратманд миллиардҳо доллар кумак ба буҷаи воксани СММ мекунанд

Роҳбарони кишварҳои узви гурӯзи ҳафт миллиардҳо доллар кумак ба буҷаи барномаи ҷаҳонии воксани Созмони Милали Муттаҳид карданд. Аъзои ин гурӯҳ, ки шомили кишварҳои бо иқтисоди бузург мебошад,  бо ҳадафи эминсозии ҷаҳон дар баробари вируси корона, таааҳҳду карданд, ки аз ин барномаи созандаи СММ пуштибонӣ кунанд.

Страницы