28 августи соли 2018 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Р.Назарзода Президенти Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии Ҷумҳурии Покистон ҷаноби Саид Холид Амир Ҷаъфариро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти вохӯрӣ Роҳбари КҲФ ба меҳмони олиқадр маълумоти муфассал оид ба Кумита, сохторҳои он ва ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ пешниҳод намуданд.
Дар мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиӣ, инчунин фаъолияти муштараки ду давлат дар ин самт баррасӣ шуд.
Раиси Кумита қайд карданд, ки рушди робитаҳои ду кишвар дар ин самт хеле муҳим аст ва КҲФ Тоҷикистон ба ин масъала диққати махсус медиҳад.
Ҷаноби Ҷаъфарӣ изҳор намуданд, ки минбаъд низ талоши муштаракро барои таҳкими ҳамкории байни сохторҳои дахлдори ду кишвар идома хоҳад дод.
Дар рафти вохӯрӣ мубодилаи васеъ оид ба масъалаҳои манфиатҳои тарафайн сурат гирифт.