Наҷоти ду нафар кӯдак дар вилояти Хатлон

Ба нуқтаи қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  занги  як нафар зан - сокини шаҳри Бохтар ворид гашт. Ӯ хабар дод, ки дари хонаи истиқоматии ӯ маҳкам гашта, дар дохили хонаи истиқоматӣ ду нафар кӯдаки нобилағаш дармондаанд.  

Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ  дар Раёсати вилояти Хатлон фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд.  То расидани Дастаи зудамал  писарбачаи 15-сола, ки дар хона бо хоҳари 3-солааш қарор дошт, кӯшиш намуд, ки аз тиреза ба ошёнаи дуюм фарояд, лекин дар балкони  ошёнаи дуюм дармонд. Наҷотдиҳандагон бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари бастаро кушоданд.

Дар як фурсати кӯтоҳ ба наҷотдиҳандагог муяссар гашт, ки духтарчаи хурдсол  ва бародарашро наҷот дода,  ба модарашон супоранд.

барчасп: