17 августи соли 2018 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили техникаи нав ва таҷҳизот барои наҷотдиҳандагон, шуъбаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ ва кор бо ҷомеаи КҲФ баргузор гардид.
Дар миёни таҷҳизоти ҷустуҷӯиву наҷот ва техникае, ки ба КҲФ супурда шуд воситаҳои алоқа, бурҷҳои равшанидиҳанда барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, ситоди муҳаррики зудамал барои автомашинаи “Газел”, маҷмааи ташхиси мобилии «Струна - П», ки барои муайян намудани тағйирот дар параметрҳои биноҳо ва ташхиси устувории онҳо пешбинӣ шудааст, ҳамчунин таҷҳизот барои муҷаҳҳаз кардани шуъбаи кор бо ҷомеа мавҷуд аст.
Ҳамчунин дастгоҳҳои парони бесарнишин барои сари вақт ба даст овардани ахбори дақиқ оид ба ҳолати системаи табиӣ-саноатӣ, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ барои қабул намудани қарори фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ аз оқибатҳои эҳтимолии гуногуни ҳолатҳои фавқулодда таҳвил дода шуд. Ин бесарнишинҳо ҳамчунин барои муайян намудани марзҳои ҷойҳои хатарнок низ пешбинӣ шудаанд.
Таҳвили техника дар доираи татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои хазинаи Трастии Русия-Барномаи Рушди СММ ва “Таҳкими зарфиятҳои коҳиши хатари офатҳои ва вокуниш”, ки миёни КҲФ, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ имзо шудааст, ҳамчунин дар доираи ҳамкориҳои минбаъдаи КҲФ бо САҲА ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар самти пешгирӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатарҳо баргузор гардид.
Дар маросими таҳвили техника Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Хаджимэ Китаока, сафири САҲА дар ҶТ хонум Туула Юрёля, Намояндаи Сафорати ФР дар ҶТ Ш.Шарофутдинов, намояндагони Барномаи Рушди СММ, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ҳузур доштанд.