Ҳамоиши “Ҳолатҳо ва хатарҳои эҳтимолии фавқулоддаи алоқаманд ба канда шудани сарбандҳои кӯлҳои баландӯҳҳо” дар пойтахти кишвар

Субҳи имрӯз дар доираи баргузории ҷаласаи муштараки коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  “мизи мудаввар” дар мавзуъи “Ҳолатҳо ва хатарҳои эҳтимолии фавқулоддаи алоқаманд ба канда шудани сарбандҳои кӯлҳои баландӯҳҳо”  оғоз ба кор кард.

Дар ин “мизи мудаввар” роҳбарон ва намояндагони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Институти илмӣ-таҳқиқотии гидрометерологии Узгидромет, Институти зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва АИ Ӯзбекистон ширкат доранд. 

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамкориҳо оид ба омӯзиши пиряхҳои хатарнок ва таҳияи чораҳо оид ба коҳиши хатар дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ низ баррасӣ мешавад.

барчасп: