Марди сисолае, ки аз ноҳияи Панҷ омад ва хост худро дар Душанбе ба ҳалокат расонад, наҷот дода шуд. Вай болои хонаи навсохти 16-ошёна баромад ва дар як поси шаб хост ба ҳаёти худ поён диҳад. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо кормандони милитсияи маҳаллӣ ҷони ӯро наҷот доданд. Аммо суоли он ки чаро марди сисола қасд дошт иҷборӣ тарки олам кунад, ҳамоно бепосух аст.
Воҳидҳои вокуниши сареъи Райсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаи худкушии як мард пешгирӣ карданд ва бо ин васила шахсеро аз гирдоби марги иҷборӣ наҷот доданд.
Нимишабии 10-уми августи соли 2018 як сокини 30-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон болои боми хонаи навсохти 16-ошёна воқеъ дар шаҳри Душанбе баромад ва хост аз боло худро ба поён сарозер кунад. Иллати ин амал номаълум, аммо ин мард яқинан мехост ба ҳаёти худ поён диҳад.
Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита ва кормандони милисаи маҳаллӣ бо вай дар гуфтугӯ шуданд ва барояшон муяссар гашт, ки ин марди ҷавонро аз қасдаш баргардонанд.
Ба вай кумак карданд, ки аз боло поён шавад ва ӯро ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур супурданд.
Ҳоло тафтиши ин ҳодиса идома дорад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мехоҳанд дақиқ кунанд, ки чӣ омиле марди сисоларо водор кард қасди худкушӣ кунад.
Маврид ба ёдоварист, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи шаш моҳи сипаришудаи соли равон зиёда аз 60 нафарро аз марг наҷот додаанд, ки дар миёни онҳо чанд тан қасд доштан худкушӣ кунанд.