Зарфи шаш моҳи соли 2018 дар обҳои қаламрави вилояти Суғд 32 нафар ба ҳалокат расидаанд. Наҷотдиҳандагони дастаи зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят ҷони 57 нафарро аз марги эҳтимолӣ наҷот додаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2017 дар вилоят 34 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда буданд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли равон 89 ҳолати ғарқ шудани одамонро дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифтааст. Бар асари кумаки фаврӣ ҷони 57 нафарро аз марги эҳтимолӣ наҷот додааст.
Аз 32 нафаре, ки дар обҳо ғарқ шудаву ба ҳалокат расидаанд, танҳо 6 нафарашон ҳангоми оббозӣ дар минтақаҳои мамнуъ ғарқ шудаанд. Боқӣ 26 нафар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла дар ҳолатҳои ҷунунӣ, қасди худкушӣ, беэҳтиётӣ, садамаҳои нақлиёт ва ғайра бо ҳаёташон падруд гуфтаанд.
Дар иртибот ба пешгирии ҳодисаи ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ аз тарафи Раёсати вилоят Нақша – чорабинӣ оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҷиҳати тайёрӣ ба истироҳатгоҳҳои наврасону калонсолон барои мавсими оббозии тобистона дар соли 2018 ба имзо расида, моҳи майи соли 2018 дар ду давра 40 (чил) адад истироҳатгоҳҳо ва минтақаҳои оббозии шаҳру ноҳияҳои вилоятро аз назар гузаронида шуда огоҳномаҳои Раёсати вилоят ба роҳбарияти онҳо барои омодагӣ ба мавсими оббозӣ пешниҳод карда шуд, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта кӯмакҳои амалию методӣ расонида шуд.
Ҷиҳати огоҳонидани аҳолӣ доир ба пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар мавзеъҳои истироҳатии дарёи Сир ва соҳили «Баҳри тоҷик» ва дар шаҳру ноҳияҳо лавҳаҳои огоҳкунанда бо рақамҳои навбатдори Раёсати вилоят насб карда шуда, корҳои тарғиботӣ дар ин самт мунтазам бо истифода аз воситаҳои ахбори омма (шабакаҳои телевизион ва радиои вилоятӣ, маҳалливу шаҳрӣ, инчунин рӯзномаву маҷаллаҳои вилоятию маҳаллӣ) амалӣ мешавад.