Ширкати кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар хомӯш кардани сӯхтори анборҳо дар ноҳияи Ғафуров

Кормандони Раёсати Кумитаи холатхои фавқулодда ва мудофиаи гражданиии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар хомӯш кардани сӯхтори анборҳои канори мошинбозори ноҳияи Бобоҷон  Ғафур ширкати фаъолона доштанд. Шаҳзодахон Бутаева, корманди масъули бахши равобит бо ҷомеаи Ситоди Кумита гуфт, ки шаш нафар аз дастаи махсуси зудамали Раёсат соати 07:00  бо роҳбарии капитан А. Абдуҳамидов барои кумаки фаврӣ дар хомӯш кардани сӯхтор фиристода шуданд. Онҳо соати 7:15 дақиқа дар маҳалли сӯхтор буданд ва якҷо бо дастаи сӯхторнишонии вилоят дар хомӯш кардани алангаи оташи азим иштирок намуданд. Тибқи иттилои расмӣ масоҳати сӯхтор 900м2 –ро ташкил медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, ки  субҳи бармаҳали рӯзи сешанбе, 7-уми август дар амборҳои бузурги канори мошинбозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷа даҳҳо амбори нигаҳдории коло ба коми оташ рафт.  Оташ бомҳои иншоотҳоро сӯхтаву масолеҳи дохили онҳоро ба хокистар табдил дод. Тақрибан наҷоти амволи дохили ин амборҳо  номумкин шуда буд.  Дар маҳалли ҳодиса як манзараи ҳузнагез ба назар мерасид, бӯйи чӯбҳои сӯхта ба машом мезад.  

Бино ба иттилои дастаи зудамали Кумита 6 амбори бузург комилан ба коми оташ рафт. Барои хомӯш кардани он 10 мошини сӯхторхомӯшкунии Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар гардид ва бо талоши яксоатаи ҳамагонӣ  оташ хомӯш карда шуд.    

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳо ва зарари расида аз сӯхторро муайян мекунанд.

барчасп: