Ширкаткунандагони ҷаласаи навбатии Гурӯҳи ҳамоҳангсоз ва арзёбии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) вазъи бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар қаламрави вилояти Хатлонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи ҳамоҳангсоз ва арзёбии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти асосии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он доир ба пешгирӣ, вокуниш ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар моҳи июли соли 2018, рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Фархор мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин ахбори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Хатлон оид ба дастгирии аҳолии зарардидаи ноҳияҳои Панҷ, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Фархор шунида шуд.
Дар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон оид ба масъалаҳои гуногуне, ки ба ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят иртибот доранд, табодули афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки тӯли шаш моҳи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 145 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуд. Аз шумори умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда 18 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расонд.
Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 сокини кишвар ба ҳалокат расиданд. Аз ин 5 нафар бар асари сангрезӣ, 2 нафар аз зарби раъду барқ, 1 нафар аз заҳролуд шудан бо гелиотроп ва 4 нафар бар асари сел мебошад.
Ғайр аз ин дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ 1485 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра), 3836,99 га заминҳои кишт, 12 пул ва 11,346 км роҳи мошингард зарар дид.
Ба хонаводаҳои зарардидаи ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Вахши вилояти Хатлон кумакҳо дар шакли маводҳои сохтмон, ғизо, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ расонда шуданд.