Ҳам варзиш ва ҳам наҷот

Ба истиқболи таҷлили 24-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Кумита дар вилояти Суғд як силсила чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст, ки бахше аз он роҳандозии мусобиқоти варзишӣ мебошад.

Дар марҳилаи аввал бозиҳои футбол, волейбол, тенниси рӯи миз оғоз шуданд. Дастаҳои бахши зудамали наҷоти вилояти Суғд ва қисми низомии  Кумита, воқеъ дар вилояти Суғд бо ҳам мусобиқа карданд ва дар ин бозӣ тими дастаи зудамал дастболо шуд.

Илова ба баргузории мусобиқоти варзишӣ ва чорабиниҳои дигар ҳамарӯза кормандони бахши наҷот ба соҳили рӯдхонаҳову обанборҳо ва кӯлҳову ҳавзҳои шиноварӣ мераванд, то бо истироҳаткунандагон дидору мулоқот дошта бошанд ва ба онҳо дар бораи қоидаҳои бехтарӣ дар об, наҷоти ғарқшавандаҳо, расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ сӯҳбатҳо ороянд ва ин ҳамаро амалан ҳам нишон диҳанд.

Тобистон, ки худ мавсими шиновариву оббозист дар махзанҳои об ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯй рӯй доданашон эҳтимол дорад. Аз ин рӯ наҷотдиҳандагон ҳамеша миёни мардуманд, дар назорати минтақаҳои оббозӣ ва истироҳати мардум мебошанд.

барчасп: