Бо мақсади омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда гурӯҳи кории кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти «Тавилдара» деҳаи «Ёзганд», «Вахиё», «Сайёд», «Ҳакимӣ», «Ҷайрон», «Таги камар», «Ҳасандара», «Садоқат», «Сари пулак», «Муҷихарв», «Муҷихарви боло», «Зорони калон», «Оҳангарон», «Оби гарм», «Сесанга», «Қади об» ва «Қалъаи нав»-и ноҳияҳои Сангвор, Нурообод ва шаҳри Роғуни минтақаи Рашт бо аҳолӣ машғулиятҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд. Диққати асосӣ ба деҳаҳое, ки дар минтақаҳои хавфноки селфуроӣ, тармафуроӣва лағзиши замин қарор доштанд, дода шуд.
Бо мақсади беҳтару хубтар пешниҳод намудани маълумот, инчунин бо мақсади ҷалби ҳарчӣ зиёдтар аҳолии маҳаллӣ, кормандони Кумита дар масҷидҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна, ҷамоатҳо вохӯриҳо баргузор намуданд.
Дар тули чор рўз онҳо дар суҳбату омузишҳои худ ба аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ, тартиби эвакуатсия намудани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок, амали рафтори дурусти аҳолӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда ва роҳ надодан ба зарари ҷонию моддӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Гузаронидани чунин машғулиятҳои омӯзишӣ ин боло бурдани сатҳи дониш ва малакаи аҳолӣ дар ин самт мебошад.
Дар фарҷоми ҳар як вохӯрӣ аз тарафи иштирокчиён ба кормандони Кумита саволҳо дода шуд, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид.