Ҳамин аст ҳадафи корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ, ки мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мекуннад. Сокинон бояд ба ҳар офати табиӣ ва техногенӣ омода бошанд ва донанд, ки дар кадом ҳолат чӣ бояд кунанд.
Дар асоси Нақшаи тасдиқшудаи КҲФ оид ба омӯзиши аҳолии ноҳияҳои кишвар, ки дар манотиқи эҳтимолии хатар аз офатҳои табиӣ ҷойгиранд ва бо мақсади татбиқи қарори Коллегияи Кумита, гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Ин гуна корҳо дар айни замон аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Тоҷикобод ва шаҳри Роғун гузаронида мешаванд. Дар ҷараёни дидору мулоқоташон мутахассисон ба аҳолӣ дар бораи хатарҳои эҳтимолии сел, лағзиши тарма ва обхезӣ маълумот медиҳанд.
Ба сокинон бештар дар бораи амалкардҳо дар ҳоли ҳолатҳои фавқулодда иттилоъ меҳиҳанд ва онҳоро бо қоидаҳои истифодаи дурусти воситаҳои ҳифозати шахсӣ ошно месозанд.
Ғайр аз ин мутахассисони КҲФ ба мақомоти идории маҳаллӣ дар ҳалли масъалаҳо ва мушкилоташон оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ёрии методӣ мерасонанд.
Ҳадафи ин чорабиниҳо боло бурдани сатҳи донишҳои аҳолӣ оид ба амал дар ҳоли офатҳои табиӣ, бахусус дар давраи баҳор ва тобистон, роҳу шеваҳои интиқоли аҳолии зери таҳдид хатар монда ба маконҳои амн мебошад.