Рӯзи мудофаи гражданӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд, ноҳияи Шаҳринав  ва шаҳри Роғун миёни хонандагон чорабиниҳои таблиғотиву амниятӣ роҳандозӣ карданд.

Ҳадафи баргузории ин чорабиниҳо- санҷиши амалии қобилияти ширкаткунандагони раванди таълимӣ –тарбиявии мактабҳои шаҳру ноҳияҳо дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ  мебошад. 

Дар ҷараёни чорабинӣ вазифаи муҳим ин буд: муайян намудани низоми амали хонандагон дар ҳолатҳои фавқулодда; омӯзонидани расонидани кумаки аввалия ба зарардидагон; истифода аз воситаҳои шахсии ҳимоя; анҷом додани амали фаврӣ ва бидуни воҳимаангезӣ ҳангоми ҳоалатҳои фавқулодда.

Баъди интиқоли бомуваффақона хонандагони синфҳои болоӣ маҳорати пӯшидани противогаз ва расонидани аввалин кумаки тиббӣ ба зарардидагонро нишон доданд.    

Нуқтаи олии Рӯзи мудофиаи гражданӣ дарси намоишии “Мактаби бехатарӣ” буд ва дар ин бахш наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд кори худро намоиш доданд.