Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон санҷиши истифодаи таҷҳизоти зидди газ (противогаз) гузаронида шуд.
Ин чорабинӣ ба хотири омӯзиши ҳайати шахсӣ, ҳамчунин таҳкими малакаҳои мавҷуда оид ба истифодаи воситаҳои истифода шахсӣ, тафтишу санҷиши сатҳи омодагиҳо ба садамаҳо дар иншоотҳои дорои моддаҳои сахттаъсири заҳрогин роҳандозӣ шуд.
Қабл аз он ки ба қисмати татктикӣ гузаранд, ба ҳар корманд тарзи истифодаи онро нишон доданд.
Он зумра аз кормандони Раёсат, ки масъули ҳимоя аз маводи кимиёвӣ ва радиатсионӣ ҳастанд, оид ба супурдани меъёрҳои таъиншудаи санҷишии ҳимоя аз силоҳи қатли ом – пӯшидани дастгоҳи зиддигазӣ имтиҳон супурданд.
Натиҷаи тафтиш нишон дод, ки ҳамаи кормандон тавонистанд меъёри муқарраршудаи амалкардҳо ҳангоми истифода аз таҷҳизоти зиддигаиро биспоранд.