Кормандони Кумита ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд

21 феврали соли 2025, дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100 нафар афсарону хизматчиёни Кумита аз намоишгоҳҳои Осорхонаи миллӣ дидан карданд.

Дар оғози чорабинӣ намояндаи Осорхонаи миллӣ Абдулҳамид Фирдавс ҳозиринро бо ҷашн табрик намуда, онҳоро бо тартиби гаштугузор дар осорхона шинос намуд. Ҳайати шахсӣ ба гурӯҳҳои 25-нафара тақсим шуда, бо таъриху фарҳанги миллӣ аз наздик шинос гардиданд.

Дар анҷоми чорабинӣ, афсари шуъбаи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, капитан Меликов Эмомалӣ, аз номи ҳайати шахсӣ ба роҳбарияти Осорхонаи миллӣ барои қабули самимӣ изҳори сипос намуда, иштирокчиён акси хотиравӣ гирифтанд.

 

Сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ             

полковник   М. Аҳмадзода

барчасп: