Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита бо мақсади эътино, пешгирӣ ва маълумотнокии аҳолӣ, коҳиши ҳаҷми хатар, ҳисорот ва талафоти шаҳрвандони кишвар аз офатҳои табиӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Айнӣ, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Куҳистони Мастчоҳ бо аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматдошта корҳои таблиғотӣ гузаронд.
Дар рафти вохӯриҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, худшиносиву худогоҳӣ, хидмат ба Ватан, риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрави экстремистӣ ва террористӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва муқовимат ба он, омӯхтани тарзу тартиби рафтори аҳолӣ ҳангоми ҳодисаҳои нохуш, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳолатҳои пешгирӣ намудани сухтор, гузаронидани ҳашарҳо, гузаронидани корҳои соҳилбандӣ ва ғайра тавсияҳо дода шуд.
Ҳамзамон ба сокинон муҳтаво, нуқтаҳои муҳим ва ҳадафҳои созандаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардида буд, фаҳмонида дода шуд.
Чунин вохӯриву суҳбатҳо бо сокинони дигар шаҳру навоҳӣ низ дар назар аст.
Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат
Подполковник Маликзода Д.М.