Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Сангвор аз садамаи нақлиётие хабар дод, ки 4-уми феврали соли равон соати 11:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух додааст.
Бино ба ин гузориш сабукрави тамғаи “Honda CR-V”, ки аз ҷониби як сокини 33-солаи ҷамоати деҳоти Навбунёди ноҳияи Рӯдакӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Марғаки ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дучори садама шуда, ба дарёи Хингоб сарозер шудааст.
Ин мошин бо чор мусофир дар ҳоли ҳаракат буд.
Бо дарёфти хабар афсарони бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор ҳамроҳ бо кормандони ШВКД дар ноҳияи Сангвор ва аҳолӣ ронанда ва 4 нафар мусофиронро зинда аз дохилӣ автомашина бароварданд ва ба беморхонаи марказии ноҳияи Сангвор интиқол доданд.