Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

5 феврали соли 2025 бо иштироки Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А., сардорони раёсатҳо, сарраёсатҳо ва шӯъбаҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ватанивухориҷӣ дар Дастгоҳи марказии Кумита нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки дар соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 639 (2023 – 557) ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳолатҳои фавқулоддаи ба қайд гирифташуда дар 50 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зарар расонида, маблағи умумии ин зарар161 миллиону 50 ҳазору 100 сомониро ташкил дод. Дар 13 ҳолат 17 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд.

Дар соли 2023 дар қаламрави ҷумҳурӣ 557 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 48 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар 76 миллиону 770 ҳазору210 сомонӣ зарар дидааст.

Бар асари 12 офати табиӣ 51 нафаршаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷони худро аз даст додаанд. 

Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳои ҷумҳурӣ ҳамчунон нигаронкунанда аст. Масалан, дар соли 2024 дар кӯлҳо ва дарёҳои ҷумҳурӣ 175 ҳодисаи ғарқ шудани одамон сабт шудааст (дар соли 2023 – 173), ки дар он 179 нафар (соли 2023-173) ҷон аз даст додаанд. Аз ҷумла дар ВМКБ – 16 нафар, дар вилояти Суғд – 52 нафар, дар вилояти Хатлон – 55 нафар, дар шаҳри Душанбе – 14 ва дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ — 42 нафар ғарқ шудаанд.

Дар нишасти матбуотӣ дар бораи вазифаҳои аввалиндараҷа дар соли 2025 низ сухан рафт. 

Хабарнигоррон бештар дар бораи фаъолиятҳои Кумита дар самти пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои техногенӣ ва ҳамкориҳои КҲФ бо идораву вазоратҳои дигар суол карданд. 

Сарварони идораи наҷоти кишвар ба ҳамаи пурсишҳо ҷавобҳои қаноатбахш доданд.  

 
барчасп: