Муҳтарам корбарони сомона!

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави 2025 муборакбод мекунад!

Ба Шумо ва пайвандону наздиконатон хонаободиву тансиҳатӣ, рӯзгори хушу комёбиҳои беназир хоҳонем!

Бигзор ҳар орзуи ширине, ки доред, дар Соли нав амалӣ гардад!

Муваффақиятҳо ҳамеша ҳамсафару ҳамқадами Шумо бошад!

Бигзор Соли Нав соли комёбӣ, муваффақият ва амалӣ шудани ҳама ниятҳои поки Шумо гардад!

барчасп: