КҲФ: Хатари бориши барфу борон, тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ то охири ҳафта боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки то 1 январи соли 2025 бар асари боридани барф дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ва хатари лағзиши тарма, яхбандӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад.

 Илова бар ин, рӯзҳои 2-5 январи соли 2024 дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ боридани барфу борон дар назар аст.

Дар аксари ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ дамои ҳаво поин меравад. Дар баъзе навоҳии кишвар туман низ пешгӯӣ шудааст. 

Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз дастгоҳии барқии гармкунанда қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз таҷҳизоти барқии худсохт истифода накунанд.

Дар чунин рӯзҳои сарду сербориш кӯдаконро танҳо нагузоред!

КҲФ бо мақсади пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, ағбаҳо эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро аз қабл ба сафар омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд, ҳангоми иҷрои корҳои кишоварзӣ дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ, чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт  кунанд.   

 КҲФ хотиррасон мекунад, ки сокинон дар ҳоли рӯбарӯ шудан ба ин ё он ҳалати фавқулода метавонанд бо рақами 112 ва ё телефонҳои қисми навбатдорӣ: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунанд.

Ҳамчунин барои маълумоти бештар дар бораи қоидаҳои бехатарӣ шумо метавонед ба замимаи мобилии КҲФ «SOS» бупайвандед. Ин замима ҳоло барои ҳар навъи телефонҳо қобили дастрасист!

барчасп: