Семинар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

30 декабри соли 2024 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратии муштарак дар мавзӯи «Рушди туризми кӯҳнавардӣ» баргузор гардид. Точикистон.

Дар семинар муовини якуми Раиси КҲФ, генерал-майор Латифзода Х.Л., муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Р. Холматиён, инчунин роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок карданд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баррасии масъалаҳои ҷорӣ ва ба нақша гирифташудаи марбут ба рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ барои соли 2025 буд. Аз ҷониби гурўҳи корӣ лоиҳаҳои тафоҳумномаҳои ҳамкориҳои дуҷониба барои тасдиқ омода ва барои имзо пешниҳод карда шуданд.

Дар рафти семинар ба иштирокчиён техника ва таҷҳизоти наҷотдиҳии Кумита, ки дар амалиёти наҷот истифода мешаванд, намоиш дода шуд.

барчасп: