Бино ба хабари муовини сардори Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе полковник Р.Шарифзода, субҳи имрӯз ҳайати шахсӣ ва кормандони ин Раёсат сарҷамъона Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро шуниданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дар гузашта дар мавриди терроризм ва ҳаросафканӣ ва хатари он аҳли олам иброз назар намудаву аз ҷумла фармуданд: Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.
Бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд.
Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд.
Ҳайати шахсии Раёсат дар як руҳияи баланди ватандӯстӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолалӣ Раҳмонро шунида онро сармашқи кори худ қарор хоҳанд дод.
Муовини сардори Раёсат
полковник Р. Шарифзода