Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд. Дар гузориши сардори шуъбаи мазкур подполковник С. Ҳоҷизода омадааст, ки тибқи нақша чорабиниҳои шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода ва супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 –уми декабри соли ҷорӣ соати 700 бо эълони бонги «Чамъ шавед!» ҳайати роҳбарикуннадаи Зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии Низоми ягонаи давлатии шаҳри Турсунзода, ҳайати Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, комиссияи эвакуатсионӣ ва комиссия оид ба баланд бардоштани устувории иншоотҳои иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Турсунзода ҷамъ оварда шуд.

  Дар чорабинии  мазкур 3 адад автомашинаи махсуси наҷоти Кумита бо таҷҳизотҳо, сардори сарраёсати мудофиаи граждании Кумита, сардори Раёсати махсусгардонидашудаи кофтукобию наҷотдиҳии Кумита ва наҷотдиҳандагони касбӣ иштирок намуданд.

  Чорабинии мазкур баъд аз ҷамъшавии ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр соати 800 аз намоиши техникаву таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ оғоз гардида, вобаста ба мавридҳои истифодаи таҷҳизотҳо аз  ҷониби  мутахассисон касбии Кумита ба иштироккунандагон фаҳмонида шуд.

   Дар чолрабинӣ зиёда аз 163 нафар  ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр ва 60 нафар наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ (волонтёрон) дар маҷмуъ 223 нафар иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ду масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт:  омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2025, пешгирӣ, ҳифз ва ҳимояи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ, муҳокимаи камбудиву норасоиҳои соли сипаришаванда ва  иҷроиши қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2024,№512 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025»

Дар ин бора ҳисоботҳо ва омодагии ниҳодҳои дахлдор шунида шуда, нақшаи чорабиниҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ, нақшаи чорабиниҳои асосии шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2025 тасдиқ гардида, бо назардошти баромаду пешниҳодҳои сардори шуъбаи Кумитаи ҲФ ва МГ дар шаҳри Турсунзода ва Сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита аз ҷониби раиси шаҳр  иштироккунандагон  ва дигар шахсони масъул дар самти ҳифзи аҳолӣ ва соҳаи мудофиаи гражданӣ  вазифадор  гардиданд.

 

барчасп: