Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз фоҷеаҳои эҳтимолии истифода аз ангишт дар кишвар!

Оғози фасли зимистон ва фаро расидани фасли сард инсонҳоро бояд бештар ботаваҷҷуҳ кунад. Истифода аз маводи сӯхт барои гарм кардани хонаҳо ё дастгоҳҳои барқӣ қоидаҳои худро доранд. Бахусус истифода аз дастгоҳҳои худсохти барқӣ метавонанд сабабгори сӯхтор шавад.

Истифода аз ангишт масъулияти бештар талаб мекунад. Ин василаи гармидиҳанда, ки дар кишвар бисёриҳо аз он истифода мекунанд, илова ба он ки муфид асту як воситаи хуби наҷот аз сардист, дар сурати риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ метавонад маргбору кушанда бошад.

Чуноне дар хабарҳо мехонем, шаби 17-уми декабри соли 2024 дар Шаҳристон чор кӯдаки як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуданд. Ду нафар ҷони худро аз даст доданд, ду нафари онҳо дар ҳоли вазнинанд.

ҲУШДОР ВА БОЗ ҲУШДОР!!!!

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ мекунад ва бори дигар аз шаҳрвандон бо эҳтиромона хоҳиш мекунад ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар ин фасли сард эҳтиёт кунанд.

Бояд қайд кард, ки истифодаи ангишт аз як ҷиҳат агар манфиатовар бошад, аз нигоҳи дигар дар сурати риоя накардани тартиби истифодаи он метавонад барои саломатии инсон хатарнок, ҳатто марговар бошад. Ҳангоми сӯзонидани ангишт гази оксиди карбон (СО), дуоксиди карбон (СО2), оксиди нитроген (NO2), оксиди сулфур (SO2), дуда ва дигар металҳои вазнин, ки барои саломатии инсон хатарноканд, ихроҷ мешавад.

 Бахусус дар ҳолати пурра насӯхтани ангишт гази марговари оксиди карбон (СО) ҳосил шуда, дар сурати мутобиқ набудани ҳавокаши печи истифодашаванда ба дохили бино паҳн гардида, метавонад одамонро заҳролуд ва ҳатто ба марг дучор намояд. Қобили зикр аст, ки дар сурати пурра насӯхтани ангишт ихроҷи оксиди карбон бештар мешавад.

Ин газ бӯй ва ранг надорад, аз ин лиҳоз дар дохили хона паҳншавии онро инсон пай намебарад. Дараҷаи таъсири оксиди карбон на фақат аз зиёд гардидани ғизлатнокии он, балки ба муддати тулонӣ дар муҳити аз меъёр зиёд мавҷуд будаи ин газ ҳузур доштани инсон вобаста аст. Вобаста ба зиёд гардидани қабати гази оксиди карбон, таъсири он ба саломатии инсон чунин оқибатҳо дошта метавонад:

Коҳиши қудрати биноии чашми инсон;

  • вайроншавии баъзе функсияҳои асаб (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 2-5%)
  • тағйирёбии фаъолияти дил ва шушҳо (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби
  • ҳаво аз 5% зиёд)
  • дарди сар, хоболудӣ, мушкилоти нафаскашӣ ва ба марг дучор кардан (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 10-80%)

Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки беҳушшавии инсон ҳангоми фаъолияти вазнини инсон дар муддати 1-2 соат ва дар ҳолати оромӣ дар муддати 3-6 соат ба вуҷуд меояд. Оксиди карбон ба ҷараёни хун ворид мешавад ва бо молекулаҳои гемоглобин бо оксиген рақобат мекунад. Ин модда нисбат ба оксиген ба гемоглабини хун қавитар пайваст мешавад. Ҳар қадаре, ки оксиди карбон дар ҳаво зиёд бошад, ҳамон қадар гемоглобин ба он пайваст мешавад ва оксиген ба ҳуҷайраҳо камтар мерасад. Қобилияти расонидани оксиген ба бофтаҳо халалдор гашта, спазмҳои рагҳо ба амал меоянд ва фаъолияти иммунологии одам кам мешавад. Ҳамчунин, дар раванди сӯхтани ангишт оксиди нитроген ва оксиди сулфур ихроҷ мегарданд, ки онҳо низ метавонанд ба саломатӣ таъсири манфӣ расонида, инсонро ба бемориҳои гуногун дучор намояд.

Бинобар ин, шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи ангишт аз оқибатҳои эҳтимолии манфии он низ андеша намоянд.

Барои аз таъсири газҳои заҳрноки ангишт ҳифз намудани инсонҳо зарур аст, ки дар манзилҳои истиқоматӣ аз печҳои мувофиқ барои сӯзонидани ангишт истифода карда шуда, қобилияти ҳавокашии қубури дудпарто ба инобат гирифта шавад. Ҳамчунин, ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хонаҳо бояд мунтазам иваз карда шуда, давоми шабона барои ворид гаштани миқдори муайяни ҳавои тоза аз тирезаҳо мусоидат намоянд. Шахсе, ки бо ин газ заҳролуд шудааст, бояд фавран ба ҳавои кушод бароварда шуда, барои бартараф намудани оқибати таъсири он ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намояд.

 КҲФ ҲУШДОР МЕДИҲАД: ХУД ВА НАЗДИКОНАТОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД! ҲАМЕША ДУДБАРОИ БУХОРИҲОРО НАЗОРАТ КУНЕД, ОНҲОРО САРИ ВАҚТ ТОЗА НАМОЕД! 

 

барчасп: