Дар фоҷеаи рӯзи 15-уми декабри соли равон се нафар ғарқи дарёи Фон шуданд. Имдодгарон мошинро аз умқи дарё берун оварданд, ҷасаде дар он дида нашуд. Ҷустуҷӯ идома дорад.
Навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки рӯзи 17 декабри соли 2024 наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон аз соати 08:00 дақиқа то соати 16:30 дақиқа дар километри 124-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, мавзеи Оби-Куҷ, деҳаи Кумарғи ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ корҳои кофтуковии рӯиобиро дар дарёи Фон ба роҳ монданд.
Соати 12:40 дақиқа наҷотдиҳандагон автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes Benz” рақами қайди давлатиаш 6369 RV 01, ки ба ронанда шаҳрванд Гулов Абдуфотил Файзиевич истиқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ тааллуқ дошт, аз дохили дарё бароварданд, аммо дар дохили мошин на ронанда ва на ҳамроҳонаш набуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки мошини сабукрави тамғаи “Mercedes Benz”, ки таҳти идораи ронанда Гулов Абдуфотил Файзиевич қарор дошт, рӯзи 15 –уми декабри соли 2024, соати 15:30 дақиқа ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Кумарғ ба самти шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ бо сабабҳои номаълум дучори садама шуда, аз баландии тақрибан 150-200 метр ба дарёи Фон сарозер шуд.
Ғайр аз ронана дар дохили мошин ду нафари дигар, бонувони 66 ва 55-сола, сокинони деҳаи Куми ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ будаанд.
Корҳои кофтуковӣ дар мавзеи мазкур идома дошта, дар сурати пайдо шудани маълумоти иловагӣ хабарашро хоҳед хонд.