Чор хабари рӯзи гузашта, чор фоҷеа дар ду рӯзи охир

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз заҳролуд шудани панҷ узви як оила дар деҳаи Р.Файзови ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ хабар дод.

Ин панҷ нафар, ки аз 32 то 6 сол доштанд, дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор доранд. Вазъи беморон муътадил арзёбӣ гардидааст.

Мақомоти сабаби ин ҳодисаро таҳқиқи мекунанд.

******    *****    *****

 Тибқи маълумоти шуъбаи Кумита дар ноҳияи Рудакӣ рӯзи 16-уми декабри соли 2024 тахминан соати 16:30 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Мурутак, соҳили дарёи Кофарниҳон ҷасади як зан пайдо шуд.

Ҷасадро аҳолӣ аз дарё ба соҳил бароварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Шахсияти ғарқшуда маълум нест.

******    *****    *****

Бино ба гузориши Раёсати Кумита дар вилояти Суғд рӯзи 16 – уми декабри соли 2024 соати 13:30 дақиқа, як писарбачаи 15-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кучаи М.Танбурӣ, хонаи №30, соати 15:30 дақиқа, дар наздики Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бо сабаби вазидани шамоли сахт ва афтидани дарахт ба болояш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

******    *****    *****

 Рӯзи 15 –уми декабри соли 2024, соати 15:30 дақиқа дар километри 124-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, деҳаи Кумар, ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ садамаи нақлиётӣ ба амал омада буд. Автомашинаи сабукрави тамғаи “Mercedes Benz”, ки аз ҷониби як сокини ноҳияи Айнӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Кумар ба самти шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ, бо сабабҳои номаълум ба садама дучор гардида, аз баландии тақрибан 150 метр ба дарёи Фон сарозер шуда буд. 

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшон 16 –уми декабр аз соати 08:00 корҳои кофтукобиро то соати 18:00 дақиқа ба роҳ монданд, аммо ҷустуҷӯҳо натиҷа надоданд.

Тибқи маълумотҳои пешакӣронанда 63-сола буд. Ду нафар ҳамсафаронаш бонувони 66 ва 55-сола, сокинони деҳаи Куми ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ будаанд. 

Ҷустуҷӯи ҷасади садамадидагон идома дорад.

 

барчасп: