Нигарониҳо аз омодагӣ ба зимистон дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ

Тибқи ҷадвали баргузории ҷаласаҳои навбатии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини сардори Раёсат полковник Файзуллзода А., сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсат Кумита дар ВМКБ подполковник Шоисмат Шомастон ва афсари калони оид ба супоришҳои махсуси Раёсатт вилоят майор Пайшанбиев А., ба ноҳияи Ванҷ сафарбар гардида, рӯзи 12 декабри соли 2024 соати тахминан 10:00 аз тарафи гурӯҳи корӣ дар ҳузури муовини раиси ноҳия Ғайратшозода М. ва дигар аъзоёни комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ванҷ ҷаласа гузаронида шуд.

Ҷаласаро муовини раиси ноҳия Ғайратшозода М., ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Дар ҷаласа тибқи рӯзнома ду масълаи асосӣ, аз ҷумла иҷрои Қарори раиси ВМКБ аз 12.04.2024. №121 вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декбри соли 2006, №778 “Оид ба тасдиқ намудани Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома муовини раиси ноҳия Ғайратшозода М., муфассал маълумот дода, қайд намуд, ки тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 пурра омода буда, он камбудиҳое, ки аз тарафи гурӯҳи кории ҷумҳурӣ ошкор гардида буданд, сари вақт бартараф карда шуданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома полковник Файзуллозода А., -муовини сардори Раёсати Кумита дар ВМКБ суханронӣ кард ва гуфт, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2006, №778 “Оид ба тасдиқи Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ” дар сатҳи зарурӣ ба иҷро расонида нашудааст, зеро барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар суратҳисоби махсуси МИҲД-и ноҳия 7100 сомонӣ захира карда шудааст, ки барои бартарафкунии як ҳолати фавқулоддаи сатҳи маҳдуд басанда намебошад. Аз ин рӯ пешниҳод карда шуд, ки то ҷамъбасти сол масъалаи мазкур дида баромада шуда, дар доираи имкониятҳои мавҷудаи ноҳия маблағи муайян ба суратҳисоб ворид карда шавад.

Ҳамзамон, аз тарафи муовини Раёсати ҳолати омодагии техникаҳои маҳангдисии МНДРА-и ноҳия изҳори нигаронӣ карда шуда, қайд карда шуд, ки дар рафти санҷиш, ки аз тарафи гурӯҳи корӣ дар МНДРА-и ноҳия гузаронида шуд, маълум гардид, ки аз 4-адад техникаҳои муҳандисӣ 3-ададашон дар тавақуфгоҳ дар таъмир қарор доранд, ҳол он ки харитаи ҷобаҷокунии техникаҳои МНДРА-и ноҳияҳои вилоят санаи 27.12.2024 дар ҷаласаи вилоятӣ аз тарафи раиси вилоят тасдиқ гардида буд.

Вобсаста ба масъалаи захираи сӯзишвории дизелӣ дар МНДРА  бояд қайд намуд, ки аз 3000 литр сӯзишворӣи дизелӣ дар МНДРА- и ноҳия танҳо 1500 литр сӯзишворӣ боқӣ мондаст, дар ҳоле ки зимистон нав оғоз шудааст.

 

Сардори Раёсат, полковник 

Н. Миракзода

барчасп: