13 декабри соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар солҳои истиқлолият» ва намоиши дастовардҳои ҷавонон дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар тӯли ин солҳо баргузор гардид
Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси Кумита, генерал-майор Ҳотамшо Латифзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, роҳбарони воҳидҳои пешбар ва афсарони ҷавони КҲФ иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ муовини якуми раиси Кумита, генерал-майор Ҳотамшо Латифзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи саҳми кормандони ҷавони КҲФ дар рушду шукуфоии Ватан маълумот дод ва мавзуи «Ҳиссаи кормандони ҷавон дар солҳои Истиқлол дар рушди Ватан» ва «Ҷавонон умеди фардои мо»-ро рӯнамоӣ кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор афсарони ҷавони КҲФ ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ба меҳмонон ва ҳозирон таҷҳизоти махсуси наҷот ва техникӣ намоиш дода шуда, сарбозон дар майдони Маркази таълимию методӣ бо сафороӣ қадам заданд.