Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тибқи барномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ боз соҳиби 16 техникаи нав шуд

18 октябри соли 2023 ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 номгӯ техникаи вазнин, махсус, ҳарҷогард, таҷҳизоти тиббӣ  барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот супурда шуд. Ин кумакҳо дар доираи Лоиҳаи миллии муштараки КҲФ ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ расонида шуданд.

Ҳамчунин САҲА ва Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ ба Кумита техникаи компутерӣ тақдим намуд.

Ҳамаи воситаҳои техникӣ барои сари вақт ба маҳалли ҳодисаҳои фавқулоддаи техногенӣ ва табиӣ расонидани дастаҳои наҷот ва техникаи махсус, барои анҷом додани корҳои имдодрасонӣ ва дигар амалиётҳои таъхирнопазир, инчунин барои дарёфти саривақтии маълумот дар бораи ҳолати табиӣ - системаи саноатӣ, махсусан дар ноҳияҳои кӯҳӣ, пешгӯии он барои қабули қарорҳои саривақтӣ вобаста ба ҷилавгирӣ аз паёмадҳои эҳтимолии ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани ёрии тиббӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар маросими қабул Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, Сарвари Бонки Осиёии Рушт дар Тоҷикистон хонум Шанни Кемпбелл, иҷрокунандаи вазифаи Сарвари Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ ҷаноби Чарлз Инвани ва намояндаи Барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Юкко Туононен иштирок намуданд.

Сарвари КҲФ дар суханронии худ ба шарикон барои таҷҳизоти таҳвилшуда изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки ин таҷҳизот бешубҳа барои наҷоти ҷонҳои зиёд мусоидат намуда, кори кормандони шӯъбаи наҷотро дар таълим додани рафтори дуруст дар ҳолатҳои фавқулодда ба аҳолӣ осон мекнуад.

Кӯмакҳои расида на танҳо воситаҳои техникии зарурӣ, пеш аз ҳама, дастгирии назаррас барои беҳтар намудани кор дар самти мадад ба аҳолии осебдида аст», - қайд кард ӯ.

Зимни суханронии худ дар маросими таҳвили техника сарварони созмонҳои байналмилалӣ ба он таъкид карданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои худро барои таҳкими техникии зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар самти  пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома хоҳанд дод.

барчасп: