Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад
Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад ва он намунаи олии ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми давлати ҳамсояи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 7 октябр дар ноҳияҳои шимолу ғарби шаҳри Ҳирот заминларза бо қувваи 6,3 дараҷа рух дод. Дар натиҷа беш аз 2400 нафар ба ҳалокат расиданд.
Тибқи маълумоти идораи маҳаллии мубориза бо офатҳои табиӣ, беш аз 600 манзили истиқоматӣ ва 13 деҳа хароб гардида, шумораи зарардидагони заминларза ба 10 ҳазор нафар расид.
Баъдан дар Афғонистон боз силсилазаминларзаҳо ба амал омаданд, ки дар натиҷаи онҳо низ нафарони зиёд ҳалок ва маҷруҳ гардиданд
Манбаъ: Ховар