Изҳори ҳамдардӣ ба мардуми Афғонистон

Мардуми Тоҷикистон аз заминларзаҳои шадид дар Афғонистон, ки боиси марги зиёди одамон ва харобиҳо гардид, сахт андӯҳгин буда, дар қалбҳои худ ҳамдардии амиқ эҳсос мекунад.

Дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор Тоҷикистон бо мардуми Афғонистон ғамшарику ҳамдард аст.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз карда, ба осебдидагони заминларзаҳо шифои комил таманно менамояд.

Манбаъ: Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикитсон

барчасп: