Идомаи чорабиниҳо ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр

Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр дар мактаб-интернати 13 барои кӯдакони лаёқатманд ва ятими ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлон, кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо шарикони байналмиллалӣ машқҳои мудофиаи гражданиро ташкил ва гузарониданд.

Дар рафти омӯзиш кормандони КҲФ шароитеро фароҳам оварданд, ки ба воқеъият наздик бошад.  Аммо ба воҳима дода нашуда, калонсолону кӯдакон сари вақт аз бино берун шуданд. Наҷотдиҳандагони Шуъбаи байниноҳиявии КҲФ дар минтақаи Кӯлоб, тибқи барнома як донишомӯзеро, ки “дар минтақаи хатар монда буд” наҷот доданд.

Намояндагони Салиби Сурх ба бачаҳо тарзи расонидани ёрии аввалинро нишон доданд.

Санчиши амалии нақшаи эвакуатсия хуб гузашт ва гурӯҳҳои муташаккилона таҳти роҳбарии муаллимон синфхонаҳои худро тарк карданд. 

Мулоқот дар толори  бузурги маҷлис идома кард. Миёни хонандагону муаллимон ва намояндагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар мавриди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ табодули афкор сурат гирифт.

Сардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Ш.Шоҳин полковник С.Раҳмонзода натиҷаи омӯзишро ҷамъбаст намуда, ба аҳамияти баргузории чунин омӯзишҳо таъкид намуд. Вай таваҷҷуҳи ҳозиринро ба зарурати омӯзонидани насли наврас ба қоидаҳои бехатарӣ ҷалб кард.

Дар поёни омӯзиш як барномаи тафреҳӣ ҳам иҷро шуд.

барчасп: