Ин заминларза, ки рӯзи шанбе, 7 октябри соли равон соати 11:19 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар Афғонистон рух дода буд, боиси ҳалокати 2053 нафар шудааст ва 9240 нафар маҷруҳ гаштанду захмҳо бардоштанд.
Маркази ин заминларза тахминан 40 километр дар қисмати шарқиву ғарбии шаҳри Ҳирот ва 662 километр ғарби шаҳри Кобул буд. Қувваи он дар марказ 6,2 баллро ташкил дод. Соати 11:19 дақиқа замин дубора ларзид ва қувваи он 5,6 балл буд.
Соати 11:40 дақиқа такони дигар ба қайд гирифта шуд, ки 4,8 баллро ташкил дод ва соати 11:42 дақиқа бори дигар бо қувваи 6,4 бал ва баъдан соати 12:10 дақиқа бо қувваи 5,9 ва соати 12:36 дақиа замин бо қувваи 4,5 бал ларзид.
Дар натиҷаи заминларза қисмати бештари биноҳои маскунии сокинони хароб шуданд, одамон ба ҳалокат расиданд, роҳҳо вайрон, биноҳо сарозер гаштанд.
Шумори куштагони ин заминларза бино ба омори рӯзи 9 октябри соли равон 2053 нафар гуфта шудааст ва 9240 нафар маҷруҳ гаштанду захмҳо бардоштанд.
1329 хона вайрон шудааст. 13 деҳа дар қаламрави ноҳияҳои Зиндаҷон ва Ғуриёни вилояти Ҳирот хароб шудааст.
Ноҳияҳои зарадида дар марз бо Туркманистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доранд. Бино ба гузоришҳо дар шаҳри Машҳади ҶИЭ, ки 292 километр дуртар аз маркази заминларза қарор дорад, такони шадид эҳсос шудааст. Турманистон низ аз заминларза дар ин вақт хабар дод.
Дар қаламрави заминларза дар Афғонистон ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар фаъолият дорад ва ахиран хабар дод, ки ба минтақаи заминларза аввалин кумакҳои башариро ирсол кардааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон дар ин заминларза изҳори таслият мекунад.