Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти сарварии муовини Раиси Кумита генерал-майор С.Исозода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи раёсат баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа роҳбарони шуъбаҳои раёсат ширкат намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа ҷамъбасти натиҷаи фаъолиятҳои Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо дар семоҳаи чоруми моҳи солӣ ҷорӣ гузошта шуда буд ва барарсии ин масъалаҳоро дар бар гирифт:
- ҳисобот дар бораи фаъолияти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе дар нуҳ моҳи сипаришуда;
-ҷараёни татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2018 №602 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2034”;
-рафти татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 №778 “Қоидаҳои ташкил ва истифодаи захираҳои моддӣ барои рафъи паёмадҳои ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ”;
-ҷараёни татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2023 №186 “Дар бораи Барномаи давлатии соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2023-2027”.