Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ду маротиба бо дархости сокинон аз қароргоҳи худ барои кумак берун шуданд. Бори аввал гурбаеро, ки дар қоши иморате дармонда буд, озод карданд ва бори дуюм дари бастаи як хонаро бо хоҳиши соҳибаш боз намуданд.
Рӯзи гузашта соати 10:25 дақиқа як сокини шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад ва хабар дод, ки дар хонае воқеъ дар маҳаллаи “Ховарон”-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт гурбае дар қоши иморат дармондааст ва илоҷи поин оврадани он нест.
Сокинони маҳалла гуфтаанд, ки хеле талош карданд ин гурбаи бечораро поин оранд, вале натавонистанд. Гурба ҳамоно имдодхоҳона садо мебаровард.
Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳгардӣ аз боло поин омаданд ва гурбаро беосеб аз қоши иморат ба даст гирифтанд ва ӯро ба соҳибаш солим супурданд.
Дар биное воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов, хонаи 9 дари хона баста шудаву соҳиби он имкони ворид шудан наёфтааст.
Имдодгарон ба ин суроға рафтанд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд.