Торнодо дар ИМА як шаҳракро комилан ба замин ҳамвор кард. Аз ҳалокати 26 нафар хабар дода мешавад (ВИДЕО)

Торнодо дар ИМА

Бар асари як торнадои харобкор дар иёлоти Миссисипи ва Алабамаи ИМА ҳаддиақал 26 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳукумати иёлати Миссисипи ҳолати фавқулода эълон кард ва ҷустуҷӯи бенишон гумшудагон идома дорад.  Ин ҳодиса шаби шанбеи гузашта рух дода буд.

Дар раёсати ҳолатҳои фавқулодаи иёлати Миссисипи ба хабарнигорон гуфтаанд, ки зери вайронаву харобаҳо одамон зиёданд ва шумори қурбониён метавонад афзоиш ёбад.

Аз ҳама бештар шаҳрҳои хурд ва рустоҳо зарар диданд, дарахтон шикастанд ва ё аз зарби торнадо решкан шуданд. Хати интиқоли қувваи барқ гусаста шуда, даҳҳо ҳазор хонаҳо бе рӯшноӣ мондаанд.

Шаҳри Роллинг-Форк дар ғарби округи Шарки, ки наздик ба ду ҳазор аҳолӣ дошт, пурра зери торнадо мондаву ба замин ҳамвор шудааст ва аз он дигар нишон намондааст.

Ман дар умри худ ин гуна ҳодисаро аслан ёд надорам. Ин як шаҳраки хурдакаку озода ва зебое буд. Ва ҳоло нишоне аз он намондааст”, - гуфтааст ба CNN як сокини ин шаҳрак Бренди Шова.

Мақомот мегӯянд ин торнадо нимишабӣ, вақте сокинон хобида буданд, рух дод. Барои аксари онҳо садои даҳшатнок паёме аз ин фоҷеа дошт. 

барчасп: