Бо гузашти 5 рӯз аз зилзилаи харобкори ахир Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи вилоятиву ноҳиявӣ хулосаҳои ниҳоии худро дар мавриди зарарҳои расида ироа мекунанд. Аммо ҳоло ҳам мизони зарар мушаххас нашудааст ва комиссияҳо дар садади дақиқан эълон кардани ҳаҷми осебҳои расида мебошанд. Дар зер натиҷаи кори гурӯҳҳои комиссияҳои минтақавиро дар мавриди хонаҳо ва хоҷагиҳои осебдида меорем.
ДАР МАСТЧОҲ
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд истинодан ба хулосаи гурӯҳи кории комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят, ки рӯзҳои 23-26-уми марти соли равон анҷом гирифт хабар медиҳад, ки дар зиминларзаи рӯзи 23 марти соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 318 ҳолати зарар ба хонаҳои истиқоматии деҳаҳои Палдорак, Ярм Пакшифи Деҳмонара, Дашти миёна, Роғ, Самҷон, Пакшифи ҷамоати деҳоти Лангар ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷаи муоина ва арзёбӣ маълум гардид, ки дар деҳаҳои номбурдаи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ асосан дар натиҷаи заминларза биноҳои ёрирасони хоҷагиҳо вайрон гардида, ба талафоти чорвои калон ва хурд оварда расонидааст. Дар ин офати табиӣ 18 сар чорвои калон ва 27 сар моли майда ба ҳалокат расидааст.
Комиссия ба хулоса омад, ки як сабаби аслии вайрон гардидани иншоотҳои ёрирасон ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки пурра ё қисман зарар дидаанд, ин риоя нагардидани меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, бетаҳкурсӣ бунёд гардидани хонаҳо, пешбинӣ нашудани чораҳои зидди зилзилавӣ ва истифодабарии тулонии онҳо мебошад.
Барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ тибқи супориши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кӯмакҳо дар шакли масолеҳи сохтмонӣ ва хӯрока ворид гашта истодааст.
Маврид ба таъкид аст, ки дар заминларзаи ёдшуда тибқи иттилои Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд 165 хона дар деҳаи Палдорак зарар дидаанд. Аз ҷумла, дар ин русто 4 хона пурра хароб шуда, 37 хона қисман зарар дидаанд ва ба 124 хона осеби сабук расидааст.
Шумори деҳаҳои зарардида дар деҳаи Ярм 23 адад буда, 7 хона қисман ва 16 хона зарари сабук дидаанд.
Ба ҳамин тартиб дар деҳаҳои Пакшиф (49), Деҳманора (18), Дашти Миёна (11), Роғ (44), Самҷон (7), Худгифи Боло (1) низ аз заминларза зарар дидани хонаҳои сокинон ба қайд гирифта шудааст. Ва хушбахтона, хонаҳо дар ин рустоҳо қисман зарар дидаанд ва ё ба онҳо осеби сабук расидааст.
Бино ба гузориши Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд то ин лаҳзаҳо ба сокинони осебдидаи ноҳия 10 ҳазор кило орд, 200 литр равған, 100 кило гӯшт, 400 кило макарон, 1000 кило биринҷ, 100 кило сабзӣ, 100 кило пиёз, 1000 дона ном, 100 тонна семент аз шаҳри Панҷекат расидааст.
Худи сокинони ноҳия ба зарардидагон 300 адад шифер, 5,8 тонна семент, 4 куб тахта, 5,8 тонна семент, 500 литр равған ва 400 килоӣ пиёзу макарону биринҷ фиристодаанд.
Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 79 адад хайма ба минтақаи аз офатҳои табиӣ зарардида ирсол намуд.
Айни ҳол комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷои ҳодиса фаъолият дорад ва дар сурати пайдо шудани маълумоти тоза, онро ба таваҷҷуҳи хонандагони худ хоҳем расонд.
ДАР РАШТ
Дар заминларзаи 23 марти соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Рашт комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда 68 адад хонаҳои истиқоматиро аз назар гузаронд ва ба ин натиҷа расид, ки 15 хоҷагӣ дар деҳаи Порвоғ, 5 хоҷагӣ дар деҳаи Дуоба, 2 хоҷагӣ дар деҳаи Саридашт, 3 хоҷагӣ дар деҳаи Тагобаи ҷамоати деҳоти Тагоба ва ҳамчунин 5 хоҷагӣ дар деҳаи Муллобадал ва 1 хоҷагӣ дар деҳаи Хурихами ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат ва 1 хоҷагӣ дар деҳаи Поҷеи Поёни ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, дар умум ба 32 хонаи истиқоматӣ зарари сабук дидаанд.
Рӯзи 26 марти соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои манбаҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ ва техногенӣ ҷудо гардидаи ноҳия, маводи ғизоӣ ба сокиноне, ки хонаҳояшон осеб дидааст, расонда шуд. Аз ҷумла, ба ҳар хонаводаи осебдида 50 кг орд, 10 кг биринҷ ва 5 литр равған тақсим карда шуд.
ДАР НУРОБОД
Гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Нуробод дар асоси муроҷиатҳои иловагии шаҳрвандон ҳолати биноҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасони 45 хоҷагии деҳаҳои Калназар ва Кабутиёни ҷамоати деҳоти Сафедчашма инчунин деҳаҳои Пандовчӣ ва Тегирмии ҷамоати деҳоти Меҳрободро санҷида баромад. Маълум гардид, ки дар деҳаи Калназар 5 хоҷагӣ, дар деҳаи Кабутиён 4, дар деҳаи Пандовчӣ 3 ва дар деҳаи Тегирмӣ 5 хоҷагӣ зарари сабук дидаанд.
Ҳамагӣ дар ҳудуди ноҳия ба 17 хоҷагӣ зарари сабук расидааст. Дар дигар хоҷагиҳое, ки аз назар гузаронида шуданд, дар деворҳо рехтани андова ва тарқишҳои хурд ба назар мерасад.