Таҷлили Наврӯз дар КҲФ

25 марти соли 2023 дар ҳавлии Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждани иназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ, ки “Наврӯз ва анъанаҳои он” ном дошт, кормандони КҲФ ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд. 

Зимни суханронии худ ҷонишини Раиси Кумита генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода ҳамаи ширкаткунандагонро ба муносибати Наврӯз муборакбод кард ва зикр намуд, ки ба шарофати ташаббусҳои созандаву талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи мо байналмилалӣ шуд.

Ҷонишини Раиси Кумита ҳозиронро ба ин ҷашни фархунда муборакбод кард.

Гуфта шуд, ки Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон. Ин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гирифта, Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Асамблеяи генералӣқароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он рӯзи 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он акнун Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукӯҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. 

 Дар доираи чорабинии мазкур озмуни “Беҳтарин гӯшаи Наврӯз” баргузор шуд, ки ширкаткунандагон ҳунари ороиши дастурхони наврӯзиро ба намоиш гузоштанд, дастурхони “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин”-ро ташкил карданд ва ғизои беҳтарини наврӯзӣ – суманак омода карданд, ки як рамзи Наврӯз аст. 

барчасп: