Бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаки навбатӣ ба сокинони зарардида аз офатҳои табиии ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуд.
Ёриҳои расида аз ҷониби Комиссияи тақсими кумакҳо бо иштироки намояндагони ҳукумати иҷроияи маҳаллии вилоят, шаҳри Хоруғ ва гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 хонаводаи зарардидаи шаҳри Хоруғ тақсим карда шуд.
Ин кумакҳа аз масолеҳи сохтмон, аз ҷумла 45 тонна семент, чӯбу тахтаҳо 56,09 м3, дарҳои оҳанӣ – 9 дона, дарҳои пластикӣ - 38,7 м2, тирезаҳои пластикӣ 72,0, рангубор, мехҳои сохтмон - 171 кг иборат буд.